Шиносномаи қирғизӣ- роҳи ҳамвор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Фарзон Муҳаммадӣ
Зерсарлавҳа
Шурӯъ аз 1 январи соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русия муваззаф шуданд, ки патент бигиранд ва нархи миёнаи он дар як моҳ 4 000 рублро ташкил медиҳад. Айнан дар ҳамин рӯз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) зери таъсири Русия ба фаъолият оғоз кард, ки аз аввал Белорусияву Қазоқистон ва баъдан Қирғизистону Арманистон ба он ҳамроҳ шуданд. Яке аз шартҳои ин иттиҳодия имтиёз барои муҳоҷирони кории кишварҳои узв ва баробарҳуқуқӣ бо шаҳрвандони Русия дониста мешавад. Вале Тоҷикистон ба он то ҳол ҳамроҳ нашуд...
Хушмаҳмад Ҷӯраев, сокини деҳаи Ҷайғлани ноҳияи Лахш, ҳарчанд қирғизтабор аст, вале зодаву парвардаи Тоҷикистон аст. Волидайнаш бо 8 бародарону хоҳаронаш соли 2001 ба шаҳри Бишкек куч бастаанд ва ҳамагӣ шаҳрвандии Қирғизистонро соҳиб гаштаанд. Хушмаҳмад он замон ҳатто бо хоҳиши падару модараш нахост мақоми шаҳрвандиашро иваз кунад ва бо зану фарзандонаш дар зодгоҳаш монд. Вай ҳоло 5 фарзанди мактабхон дорад ва бо меҳнати аккосӣ аробаи зиндагиашро ба душворӣ мекашад. Аммо чун Қирғизистон узви комилҳуқуқи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) шуд, Ӯ тасмимашро дигар кард ва ҳавлияшро ба фуруш гузошт. Акнун мехоҳад сараввал бо аҳли оилааш шаҳрвандии Қирғизистонро бигирад ва барои кору зиндагӣ ба Русия равад.
Хушмаҳмад Ҷӯраев: "Насиб бошад мо ҳам ҳаракати ба Қирғистон рафтанро дорем. Ба мо мегӯянд, ки аз Қирғизистон ба Қазоқистону Русия рафта кор кардан ҳоло хеле осон шудааст ва ҳамаи бародаронам бо фарзандошон ба Русия бе мушкил рафта омада, зиндагиашонро пеш бурда истодаанд... Муносибати мақомоти Қирғизистон ҳам ба мо чӣ тоҷик бошем, чи қирғиз хеле хуб аст ва дар ин самт монеаҳо пеш намеоранд".
Сӯҳбати видеоии Хушмаҳмад Ҷӯраев
Таъсис ва миссияи ЕАЭС
Таҳлилгарон Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шабеҳи Иттиҳоди Аврупо хондаанд, ки дар он Русия нақши калидиро мебозад ва ҳадафаш аз таъсис додани созмон таҳкими нуфузи Русия дар кишварҳои пасошӯравӣ аст.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ аз ҷониби Русия, Белорусия ва Қазоқистон 29 майи соли 2014 дар шаҳри Остона таъсис ёфт ва аз 1 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кард. Сараввал Арманистон ба ҳайси узви ин созмон пазируфта шуд, каме баъд аз он рӯзи 12 августи соли 2015 Қирғизистон назорати гумрукӣ дар марз бо Қазоқистонро аз байн бурд ва узви комилҳуқуқи Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) шуд.
Дар оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадафи ин ниҳод таъмини гардиши озоди молу хизматрасонӣ, сармоя ё маблағ ва нерӯи корӣ дар ҳудуди кишварҳои узви иттиҳод ва сиёсати ягона ва ҳамоҳангшуда дар иқтисод унвон шудааст.
Тилав Расулзода, коршиноси мустақили тоҷик бар он назар аст, ки маҳз имтиёзҳои мавҷудбуда дар оинномаи ин иттиҳод шаҳрвандони ҳамсоякишварҳои узвро ба худ моил месозад.
СОЗИШНОМАИ ДУШАҲРВАНДӢ
Моҳи майи соли 2004 барои хатми муноқишаҳои байнимарзӣ созишномае байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе имзо шуд ва системаи дарёфти душаҳрвандиро барои сокинони ин ду кишвар осон карда буд. Дар матни ин созишнома омадааст, ки "ин иқдом ба хотири ҳифз ва таҳкими равобити дӯстии таърихӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ барои эҳтироми ҳаққи интихоб ва дарёфти шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам кардан" анҷом шудаст. Тибқи ин санад шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ҳудуди яке аз ин кишвар ҳамсар, падару модар, хоҳару бародар, фарзанд, бобо ё бибиашон зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба таври содда шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кунанд.
"Болои сӯхта намакоб"
Вале 30 июни соли 2016, тақрибан баъди яксоли узвияти Қирғизистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо аксарияти орои вакилон созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии ду кишварро якҷониба бекор кард.Вакилон низ ҳангоми баррасии масъалаи бекор кардани ин созишнома сабаби аслиро имтиёзҳои шаҳрвандии Қирғизистон барои дарёфти соддаи ҳаққи кор ва шаҳрвандии Русия таъкид намуданд.
Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд
муовини собиқи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
"Имрӯз зарурати созишнома байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии ду кишвар нест".
Якҷониба бекор гардидани созишномаи мазкур барои сокинони дорандаи душаҳрвандӣ ва ё онҳоеро, ки нияти гирифтани душаҳрвандиро доштанд, дар моварои як интихоб гузошт.
Ё илаллазӣ ё улаллазӣ?!
Абдуаҳад Воситов тоҷиктабор аст ва соли 1985 баъди заминҷунбии шадид, ки боиси бехонаву ҷой монданаш гардида буд, аз ҷамоати Хистеварзи ҳудуди Тоҷикистон ба деҳаи Борбордуки Қирғизистон куч бастааст. Ҳоло ҳама 5 узви оилааш, ки дар гузашта шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаи тоҷикӣ доштанд, шаҳрвандии Қирғизистонро доранд. Вале дар баробари аз байн рафтани душаҳрвандӣ Ӯ тасмим дорад ба дигар аъзоёни оилааш шиносномаи қирғизӣ бигирад.
Суҳбати видеоии Абдуаҳад Воситовро ҳаминҷо тамошо кунед
Тоҷикон дар Қирғизистон...
Тоҷикони Ботканд
Дар деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлак ҳудуди чил хонаводаи тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ки ҳамагӣ дорои шаҳрвандии Қирғизистон ҳастанд ва ин деҳаро бо ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро танҳо як роҳи мошингард аз ҳам ҷудо мекунад. Сокинони ҷамоати дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо номи Овчӣ-Қалъача, ки низ бо ин ноҳияи ҳаммарзи Қирғизистон ҳамсоя аст, бо сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ мақоми шаҳрвандиро гирифтаанд. Ду деҳаи калони Ноҳияи Исфараи шимоли Тоҷикистон Чоркӯҳ ва Ворух ҳам бо вилояти Ботканди Қирғизистон марзи муштараки тӯлонӣ дорад ва омезиши ҳудудҳои дуҷониб бештар ба назар мерасад
Абдумуталиб Шарифов, сармуҳаррири рӯзномаи "Насими Исфара"
"маҳз ҳамин ҳудудҳои ба истилоҳ "анклав" барои гирифтани шаҳрвандӣ шонси зиёдро ба вуҷуд овардааст".

Сӯҳбати бештари видеоиро дар зер тамошо кунед:
Аҷобати ин масъала ҳамон аст, ки ҳарчанд созишномаи душаҳрвандӣ аз байн рафтааст, вале ҳастанд нафарҳое, ки бо шиносномаи ду кишвар зиндагӣ мекунанд. Мо низ мавридҳоеро нашунидаем, ки онҳо дучори мушкилӣ дар ин ё он кишвар шудаанд. Аммо аксаран ҳолатҳои шаҳрвандии Қирғизистон гирифтани тоҷикон ба мушкилоти марзӣ ва дур будан аз таҳдидҳои сарҳадбонони қирғиз вобаста аст. Яъне ба таври иҷборӣ шаҳрвандӣ гирифтаанд ва ҳоло гуфтан мумкин аст, ки нафарони дорандаи душаҳрвандӣ шиносномаи ҳарду ҷонибро ҳифз кардаанд. Баъди бекор шудани созишнома низ он шаҳрвандони дорои душаҳрвандӣ барои беҳтар кардани вазъи зиндагии худ аз ҳарду шиносномаашон истифода мекунанд, ки дар ин маврид гуфтан мумкин аст, ки ҳануз қонун ба таври зарурӣ риоя нагардида истодааст.
Абдумуталиб Шарифов
сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара”
омор
Мувофиқи омори шаҳрвандии Қирғизистон, ки ҳар сол расман нашр мегардад, назар ба соли 2014, ки он замон ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дохил набуд, шумораи тоҷикони соҳиби шиносномаи қирғизӣ гардида, ҳудуди 10 дарсад афзудааст. Мувофиқи нишондоди омор дар солҳои қаблии пеш аз узви иттиҳод гардидан низ афзоиши тоҷикон аз ҳисоби таваллуд мавҷуд буд, ки солона то як дарсадро ташкил мекард. Вале баъди соли 2015 афзоиш аз як дарсад то якуним ва ҳудуди 2 дарсад баробар шудааст. Инҷо мантиқан ҳадс задан мумкин аст, ки гирандагони шаҳрвандии Қирғизистон аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба он зам шудааст, вале дарёфти омори гирандагони шаҳрвандии Қирғизистон аз ҷониби Қирғизтаборони Тоҷикистон ба мо муяссар нагардид.
Минтақаҳои ҳаммарз
Ноҳияҳои Лахш (Ҷиргатол), Мурғоб, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳастанд, ки аксаран онҳоро аз ҳамдигар як роҳи нақлиётгард, як рӯд ё як доманакӯҳ аз ҳам ҷудо месозанд ва ҳеҷ монеае байни ҳам надоранд. Асосан сокинони ҳамин ноҳияҳо аз рӯи нишондодҳо соҳиби шиносномаҳои Қирғизӣ гардидаанд ва ё шонси бештари гирифтани шаҳрвандии он ҷоро доранд.
Харитаи ноҳияҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон
Тайи солҳои ахир 6500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд, ки онҳо ҳам қирғизтабор ва ҳам тоҷикон ҳастанд. Вале ин раванд баъди якҷониба бекор гардидани душаҳрвандӣ каме мураккаб гардид ва акнун бояд хоҳишмандони гирифтани шаҳвандӣ бояд то панҷ сол мунтазир бимонанд. Чун ин панҷ сол барои он нафароне, ки маҳз барои муҳоҷират ба Русия шаҳрвандии Қирғизистонро мегиранд, тӯлонӣ аст ва онҳое, ки зуд шаҳрвандиро мегиранд, ба таври маълум бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст меоранд.
Қодиршоҳи Мурувват
муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ
Хеши дур, вале ҳамсояи наздик...
Дароям ё надароями Тоҷикистон ба ЕАЭС
Ҳарчанд Тоҷикистон тибқи манзури Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар Википедия аз рӯи бовари пайвастшавӣ ба аъзогӣ дар раддаи аввал меистад, вале тибқи гузоришу мақолаҳо ва таҳлилҳои коршиносон, Тоҷикистон ба ин зудӣ шомил нахоҳад шуд. Бахусус баъди оне, ки Президенти Белорусия Александр Лукашенко аз зиёни 15 миллиард доллари кишвари худ баъди пайвастан ин иттиҳод ба матбуот хабар дод. Ва порлумони Қирғизистон низ борҳо аз бетаъсир ва зиёновар будани узвият ба ин созмонро расонаӣ кардааст. Кишвари Тоҷикистон, ки аллакай тули се сол инҷониб таҷрибаи суду зиёни кишварҳои "узв"-ро бо роҳандозии як комиссияи вижа меомӯзад ва ҳамеша аз кам шудани буҷаи худ аз ҳисоби даромадҳои гумрукӣ нигарон аст, мантиқан дар оянда низ барои ҳамроҳ будан розӣ нахоҳад шуд.
Яке аз эътирози муҳоҷирони кории тоҷик барои ситонидани ҳаққи заҳмат
Вале ба андешаи коршиносон дар баробари напайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод "шикастани чормағз дар сари муҳоҷирон" ва "руфтани киссаи онҳо аз ҷониби андозситонҳои Русия" идома хоҳад кард.
Яъне кишвари Тоҷикистон ба хотири ҳифзи буҷаи худ ва дигар ҳадафҳои геополитикиаш, наметавонад вазъи будубоши муҳоҷирони кории худро дар федератсияи Русия, ки ба таври расмӣ беш аз як миллион нафар ва ғайрирасмӣ ҳудуди 3 миллион нафарро ташкил медиҳанд беҳбуд бахшанд ва ё барои ғанӣ гардидани даромади оилавиашон мусоидат намоянд.
Ба андешаи Тилав Расулзода, коршиноси мустақили тоҷик, то замоне, ки кишварҳои узв сиёсаташонро нисбати Тоҷикистон ва муҳоҷирони кории тоҷик дигар насозанд, ин раванд идома хоҳад кард.
Таҳдиди Демографӣ
Дар ҳоле ки "ҳа" ё "не"-и Тоҷикистон ба узвият дар Авруосиё номаълум боқӣ мемонад, як қисми мардум талош доранд бо дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон роҳи худро ба бозори кори Русия ҳамвортар ва шароити кору иқоматашонро осонтар кунанд. Ин тамоюлест ки то замони як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик боқӣ мондани муҳоҷирати корӣ ба Русия, як раванди ҳамчунон рӯ ба афзоиш барҷой хоҳад монд.
Видеогузориши комили ин мақоларо бо нохун задан метавонед тамошо кунед!
Made on
Tilda